Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд, иттилоъ дод мухбири радиои “Овози тоҷик” Фуруҳари Тоҳирӣ.
Бино ба иттилои номбурда, дар ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон намуданд.
Дар ин макон инчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода шуда, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Дар доираи он ба кишоварзони фаъоли мамлакат, ки соли равон нишондиҳандаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд, туҳфаҳои молию пулӣ ва «Диплом»-у «Ифтихорнома»-ҳо тақдим шуданд.