
25 октябри соли 2022 дар ш.Бусан дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси шаҳри Бусан, Пак Ҳёнг-ҷун баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни мақомоти марбутаи ҳар ду кишвар, таҷрибаи мудирияти шаҳрдорӣ ва барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ баррасӣ гардиданд.