
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо изҳори ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ баён намуданд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот Вазири кишоварзии оид ба ҳамкории муштарак бо Олмон дар доираи лоиҳаҳо, ҳамзамон иқтидору имконияти истеҳсолию содиротии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон аз сатҳу сифати ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, даъватномаи Вазири кишоварзии Федеролии Олмонро ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи мазкур ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2023» моҳи январ дар Олмон доир шуда, дар ҳошияи он Форуми ҷаҳонии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баргузор мегардад.