25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба муносибати Рӯзи Ҷумҳурӣ дар Қазоқистон барқияи табрикӣ ирсол намуданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ медиҳад.
Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон Қазоқистону бар пояи равобити қавии таърихӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳори сипос кардаанд.
“Боиси хушнудист, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстӣ, ҳусниҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, зимни рушди пайваста дар тамоми соҳаҳои мавриди манфиати ҷонибҳо, имрӯз ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд. Мо аз ҳолати кунунии муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди ду кишвар амиқан изҳори қаноатмандӣ карда, итминон дорем, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон, ки бар асоси усулҳои пойдори эҳтиром, эътимод ва дастгирии ҳамдигарӣ бунёд ёфтаанд, минбаъд низ бо суръати афзоянда рушд намуда, ба нафъи манфиатҳои аслии ду мардуми бародар бо иқдомҳои нави созанда ғанӣ хоҳанд гардид”,-омадааст дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки ҳамасола 25 октябр дар Қазоқистон ҳамчун Рӯзи Ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ҷашни миллӣ буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон “Дар бораи рӯзҳои ид дар Қазоқистон” таҷлил мегардад.