
Дар дар ҳошияи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Россия, ки бо иқдоми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Вазири алоқаҳои иқтисодии байналмилалӣ ва берунии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Юрьевич Ярин, роҳбари Департаменти рушди сайёҳии вилояти Свердловски ва ҳайати ҳамроҳонашон баргузор гардид. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя фазои якхеларо барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ фароҳам овардааст ва дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардониҳои зиёд низ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин ба ҷониби русиягӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар кишвар, аз ҷумла сайёҳии зимистона, лижатозию солимгардонӣ, экологию табобатӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот дода шуд. Мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.