
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» баргузор шуд. Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур як қатор кормандони Вазорати нақлиёт бо мукофотҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, дар он вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳайси Академики академияи байналмилалии нақлиётӣ пазируфта шуд.
Ба ин мисол муовини вазири нақлиёти кишвар Неъматзода Фаррух Неъмат ва сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер бо медали фахрии Академияи байналмилалии нақлиётии ба номи Лихачев Иван Алексеевич сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, ба сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон медалии фахрии ба номи Мелников Павел Петрович ва муовини директори агентии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад медалии фахрии ба номи Жуковский Николай Егорович дода шуд.