
“Саноаткунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳи асосии таъмини рушди устувор”- таҳти ин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад. Дар он ҷанбаҳои асосии назариявию амалии саноаткунонии босуръат баррасӣ шуда истодаанд.
Тавре ки хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Малвина Хушқадамова хабар медиҳад, дар конфронс масъулини соҳа, коршиносон ва дигар олимону донишмандон ширкат доранд.
Дар он асосан иштирокчиён ба масъалаҳои арзёбии вазъи кунунии рушди заминаҳои техникиву технологии истеҳсолоти саноатӣ ва таҷдиди онҳо, ташаккулу рушди соҳаҳои алоҳидаи саноат дар минтақаҳо, тамоюли рушди сармоягузорӣ барои рушди саноат, иқтидори индустриаливу инноватсионии рушди минтақаҳо, густариши робитаҳои иқтисодии беруна дар самти ҷалби технологияи замонавӣ ба иқтисодиёт таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур арзёбӣ намудани масъалаҳои стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад. Ташаббускори он Маркази тадқиқиоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.