Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиёти автомобилӣ, терминали нақлиётӣ, ронанда ва логистик» аз рӯи ҳаҷм, сифати боркашонӣ, мусофирбарӣ, фаъолияти терминалҳои нақлиётӣ, дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ ва логистика байни корхонаҳои нақлиётии кишвар гузаронда шуд. Ғолибони озмун аз ҷониби комиссия муайян гардида, дар рӯзи ҷамъбасти кори Конфронс дар ҳузури иштирокчиён бо Дипломҳо сарфароз гардиданд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар озмун аз рӯи номинатсияи “Корхонаи беҳтарини боркаш” ҷойи аввалро ҶДММ «Хатлон Транс» — и шаҳри Бохтар, ҷойи дуюм –ҶДММ “Сумайё” — и ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи сеюмро ҶДММ «Азия Транс» — и шаҳри Душанбе ишғол намуданд.
Аз рӯи номинатсияи “Корхонаи беҳтарини мусофирбарӣ” бо ҷойи аввал ККВД «Автобус 2» — шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм — ҶСК «Сайёр » — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо ҷойи сеюм – ҶДММ “Сорбон” – и шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.
Аз рӯи номинатсияи “Терминали беҳтарини мусофирбарӣ” ҷойи аввал насиби Терминали «Asia Express Terminal» — и шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм – ҶДММ Терминали мусофирбарии «Кӯлоб» ва ҷойи сеюм насиби Терминали «Фархор» шуд.
Аз рӯи номинатсияи “Терминали беҳтарини боркашонӣ” ҷойи аввалро ҶСП «Тоҷиквнештранс» — и шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм ро Терминали байнисарҳадии «Дӯстӣ» — и шаҳри Турсунзода,ҷойи сеюмро ҶСК Терминали боркашонии «Хизматгор» — и ноҳияи Шуғнони ВМКБ ишuол намуданд.
Аз рӯи номинатсияи “Ронандаи беҳтарин” — Ғаниев Абдумуқаддис ронандаи ҶДММ «Наҷот», Шамсов Тоҷиддин Давлатшоевич ронандаи ҶДММ “Таҷ-Тай”-и шаҳри Душанбе” ва Давлатов Холмурод ронандаи хатсайри №55–“ККВД- 3” шаҳри Душанбе беҳтарин ронанда интихоб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.