Дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд Раиси палатаи қонунбарории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов бо ҳамтои худ — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки дар муддати кӯтоҳ месазад, ки робитаҳои байнипарлумонии Ўзбекистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав боло бароянд ва ҳам дар қолаби дуҷонибаю ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд.
Зикр гардид, ки дар муддати кӯтоҳ дар Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчунин, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи созишномаҳои имзокардаи Сарварони ду кишвар тасвиб шудаанд.
Дар мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.