
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед мулоқот намуд, ки дар он паҳлӯҳои мухталифи ҳамкорӣ доир ба пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм баррасӣ карда шуданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дар доираи масъалаҳои пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, таъмини амнияти миллию минтақавӣ, пешгирии фаъолияти созмонҳои ифротгароиву террористӣ миёни аҳолӣ, бахусус миёни муҳоҷирони корӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, мубодилаи таҷрибаи тарафайн, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, эътирофи ташкилоти хатарзо ҳамчун террористӣ дар қаламрави якдигар ва инчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед дар рӯҳияи дӯстона, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.