Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо вакили Бундестаги Олмон аз фраксияи Иттиҳоди Ҳизби масеҳӣ – демократӣ ва Ҳизби масеҳӣ – иҷтимоии Олмон (CDU/CSU) ва муовини Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии “Олмон ва Осиёи Марказӣ” Манфред Грунд мулоқот анҷом дод. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар дод.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон табодули андеша намуда, нақши дипломатияи парлумониро дар таҳкими робитаҳои судманди байнидавлатӣ муҳим донистанд.
Ҳамзамон тарафҳо барои танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари Тоҷикистон дар устонҳои федеролии Олмон тавофуқ ҳосил карданд.