Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати TAS International Group созишномаи ҳамкории дуҷонибаи дарозмуддатро ба имзо расониданд. Муҳлати амали созишнома панҷ солро дар бар мегирад.
Маросими расмии имзои созишнома имрӯз, 4 сентябр дар арафаи бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби расонаии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
Созишномаро дар ҳузури меҳмонони сершумор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва директори генералии ширкати TAS International Group Обидҷон Обидзода ба имзо расониданд.
Тибқи санади баимзорасида, ҷонибҳо нақша доранд, ҳамкориҳои дарозмуддатро ҷиҳати дастгирӣ ва рушди футбол дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак ба роҳ монанд.
Ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо ширкати TAS International Group барои татбиқи лоиҳаҳои нав имкониятҳои бештар фароҳам хоҳад овард.
Директори ширкати TAS International Group Обидҷон Обидзода, дар навбати худ иброз дошт, ки барои ширкат шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон будан шарафи бузург аст.
Намояндаи ширкати TAS International Group Олег Самсонов низ аҳамияти созишномаи баимзорасидаро зикр намуда, ба рушди бомуваффақияти ҳамкориҳои минбаъда изҳори итминон кард.



