10 ноябри соли равон филми ҳунарии “Бародар”-и (Братан) коргардони машҳури тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар синамоҷашнвораи Котбус (Film Festival Cottbus) барои доираи васеи алоқамандони синамо намоиш дода шуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи имсолаи Котбус аз 8 то 13 ноябри соли 2022 баргузор мешавад.
Филми “Бародар”-и Бахтиёр Худойназаров , ки дар ин фестивал аз ҷониби ҳаводорони санъати синамо хуш пазируфта шуд, истеҳсоли «Тоҷикфилм» буда, соли 1991 ба навор гирифта шудааст. Муҳтавои он саргузашти ду бародар — Фаррух ва Азаматро, ки тавассути қатора ба ҷустуҷӯи падарашон мераванд, инъикос мекунад.
Падари онҳо солҳои тӯлонӣ тарки оила намудааст. Бародарон савори қатора теппаву домани кӯҳҳо ва шаҳру деҳотро тай карда, ниҳоятан падарашонро вомехӯранд.
Филм чанде қабл аз ҷониби коргардони олмонӣ Фейт Ҳелмер аз нав таҷдид гардида, дар 79-умин синамоҷашнвораи байналмилалии “Venice Classic” дар Венетсия (31 август-10 сентябри соли 2022) намоиш дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Film Festival Cottbus (FFC) ҳамчун синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои Аврупои Шарқӣ соли 1991 таъсис ёфтааст.