Дар шаҳри Москва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки роҳбарону фаъолони диаспораи тоҷикон дар Русия, инчунин ҳамватанони муқими шаҳри Москва ва вилояти Москва ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии худ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ, пойдории давлатдории тоҷикон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон, инчунин аҳамияти тақдирсозу таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуд.
Дар навбати худ иштирокчиёни чорабинӣ ба рушди Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият баҳои баланд дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти кишвар андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.