Варзишгари тоҷик, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон Раҳимов Бахтиёр дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ду медал — 1 тилло, 1 нуқра — ба даст овард. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Чемпионати ҷаҳони Анҷумани ҷаҳонии пауэрлифтинг (WPC) 2-5 ноябр дар шаҳри Орландо, штати Флоридаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.
Бахтиёр дар сабқати пауэрлифтинг сазовори медали тилло ва дар сабқати рост истода бардоштани вазн медали нуқра гирифт. Ӯ ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин чемпионат буд.