Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Русия аз ҷониби мухлсиони мунтахаби Русия вокунишҳои зиёде ба бор овард. Ҳеҷ гурӯҳе аз мухлисони мунтахаби Русия аз бозии ин даста розӣ набуданд.
Дар расонаҳои русӣ, аз ҷумла, расонаҳое, ки ба футбол бисёр майли зиёд доранд, ин бозиро бисёр манфӣ қабул карданду ислоҳи ҳайати мунтахаби Русияро тақозо намуданд. Масалан, сомонаи “Чемпионат” ба нақл аз суханони собиқ сармураббии «Динамо» Сергей Силкин навиштааст, ки ӯ ба шубҳакунандагон шарҳ дод, ки чаро тими миллии Русия ҳоло ба бозиҳо ниёз дорад:
«Тасаввур карда наметавонам, ки тими Русия бар Тоҷикистон пирӯз нахоҳад шуд. Футболи мо аз футболи онҳо пурқувваттар аст. Чунин бозиҳо ба тими Русия бешубҳа лозим аст, зеро як навъ стратегия, нақшаи тактикӣ таҳия мешавад, бозигарони нав ба даста ҷалб мешаванд».
Ба монанди ин сомона даҳҳо сомонаҳои дигаре ҳам буданд, ки мусовӣ анҷом додани бозӣ бо дастаи Тоҷикистонро зоҳиран қабул надоштанд. Аз ҷумла, дар сомонаи “Спорт Эхпресс” ҳаяҷону нигаронӣ низ зиёд ба чашм мерасид, ки лаҳзаҳои охири бозиро чунин ба тасвир мекашид:
“90+5 дақиқа, Ҳамааш ҳамин! Бозӣ тамом шуд! Футболбозони тими миллии Русия дар бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон мусовӣ карданд. Вохурй дар Душанбе бо хисоби 0:0 анҷом ёфт. Русҳо каме ба ғалаба наздик буданд. Шогирдони Валерий Карпин дар қисми дуюм шояд аз голи соф маҳрум шуда бошанд , вале ба дарвозаи мизбонон имкониятхои задани зарбаи зиёд ба даст наоварданд. Вохӯрии маъмулии дӯстона”.
Мураттиби энсиклопедияи футболи Русия, Олег Лисенко, ки бозиро мустақиман пайгирӣ мекард, дар зери хабаре бо унвони “Русия ба тими 108-уми ҷаҳон гол наовард”, каме чеҳраи сармураббии тими миллии Русия Валерий Карпинро васф мекарду дар баробари он асабонияти худро низ ҳазм карда наметавонист :
“Карпин аз воқеаҳое, ки дар майдон рух медиҳанд, норозист. Ва аз он чӣ хурсанд шудан мумкин аст? 0:0 бар зидди №108 рейтинги ФИФА – мана ин дастовард.”
Ҳамзамон, Олег Лисенко аз тарзи бозии русҳо нигарону ба футболбозони тоҷик то ҷое “офарин” мегуфт:
“Бозии бағоят зинда, аммо то ҳол ҳеҷ лаҳзаи хубе дар он нест. Дар русҳо камбудии бозии дастаҷамъӣ эҳсос мешавад, аммо бозии мизбонон олист”.
Дар идома, Олег Лисенко фазои бозиро ба мисли Чемпионати ҷаҳон дар соли 2010 васф намуда, аз издиҳоми одамону фурӯши чиптаҳо низ сухан гуфта, навиштааст, ки ин садо мисли Ҷоми ҷаҳонии соли 2010-ро мемонад. «Вувузеласҳои калонро дар хотир доред? Овоз хеле монанд аст».
Собиқ бозигари тими миллии СССР Евгений Ловчев пас аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия эҳсосоти худро чунин баён кард:
«На ақл, на на андеша, умуман. Бозии аввал бо Қирғизистон буд, моро сарзаниш карданд. Акнун, дар хакикат, дастаи нав. Ба шумо имкон доданд, давед, чизе нишон диҳед. Дар нимаи якум ва дуюм ҳеҷ чизе анҷом дода нашуд.
Дар идома Евгений Ловчев ворид шудан ба дастаи мунтахабро низ ба чолиш кашид: «Мумкин аст бозии хуб надоштан, мағлуб шудан, аммо дар зимни дастаи мунтахаб бо чашмони дар ҳоли сӯхта баромадан касе аслан ҳақ надорад. Баъзан, футболбозон бояд дигар дар дастаи мунтахаб набошанд. Мо набояд онҳоро даъват кунем”, — иқтибос меорад «Матч ТВ».
Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар чандин шабакаҳои ҷаҳонӣ низ сархатти хабарҳояшон гашт. Масалан, сомонаи “Спортмол”-и бритонӣ омори назарсанҷиҳоеро оварда аст, ки аз бурду бохти ин ду даста қабл аз шурӯи бозӣ омода шуда пирӯзии мунтахаби Русия бар Тоҷикистонро пешбинӣ карда буд.
“Таҳлили ҳамаи маълумоти мавҷуда, аз ҷумла намоишҳои охирин ва омори бозигарон то як соат пеш аз оғози бозӣ, нишон дод, ки натиҷаи эҳтимолии ин бозӣ пирӯзии Русия бо эҳтимоли 44,68% буд. Эҳтимолияти пирӯзии Тоҷикистон 31,42% ва мусовӣ 23,9% буд. Ҳисоби пирӯзии эҳтимолии Русия бар Тоҷикистон 1-2 бо 9,15% буд. Натиҷаҳои эҳтимолии минбаъдаи ин натиҷа 0-1 (8.09%) ва 0-2 (6.73%) буданд. Эҳтимолияти пирӯзии Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 (7,48%) ва барои мусовӣ 1:1 (11%) буд. Ҳисоби воқеии 0-0 бо эҳтимолияти 4,9% пешгӯӣ шуда буд. Хулоса бозии бисёр хотирмон ва барои бозигарони тоҷик аз як ҷиҳат мусовӣ ва аз чандин ҷиҳат пирӯзӣ ба ҳисоб мерафт».
Расонаҳои арабиву англисизабон ва бо дигар забонҳо низ тӯли чанд соати гузашта хабарҳоеро, ки ба варзиш нигаронида шуда буданд, дар мавриди бозии дӯстонаи Тоыикистону Русия менавиштанд.
Тоҷиддин РИЗВОН,
«Овози тоҷик»