Имрӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оскар Сантана Леонро қабул намуда, бо ӯ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни суҳбат масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Куба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамкориҳои ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Кубаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.