Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Хабари заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки бар асари он теъдоди зиёди одамон ҷон бохтаву осеб диданд, боиси андуҳи мо гардид.
Вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».