Аз 21 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе нишасти Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба кори худ оғоз кард. Дар доираи ҳамоиши мазкур пагоҳ, 23 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси” Форуми парлумони кишварҳои аъзо доир мегардад.
Тавре ки директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Мирзоалиев Ҳалим ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зулфия Сафарова хабар дод, дар кори он намояндагони 9 кишвари аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Белорусия ва Туркманистон, инчунин созмону ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Дар форум коршиносон масъалаҳои муҳими қонунгузории вобаста ба қонунигардонии бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли омро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд. Форуми мазкур бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон анҷом мешавад.
Бино ба иттилои номбурда, рӯзҳои 24-25 ноябр баргузории ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба нақша гирифта шудааст.
Ҷаласаи мазкур ҳамасола дар кишварҳои аъзои Гурӯҳи Авросиё доир шуда, коршиносон кӯшиш доранд, ки пеши роҳи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва амсоли ин гуна ҷиноятҳо гиранд. Дар он аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати муқовимат бо масъалаи мазкур фикру андешаҳои судманд ироа мегарданд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромадааст.