Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ба пойтахти Арманистон, шаҳри Ереван, сафар карданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба сомонаи расмии Сарвазири Арманистон иттилоъ медиҳад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Арманистон Сарвари давлати Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонашонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти СААД суханронӣ хоҳанд кард.