Имрӯз, 24 ноябр соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш доир гардид. Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, космонавт Солижон Шарипов ва дигар намояндагони мақомотҳои дахлдор ширкат варзиданд. Дар ин бора Мутабар Носирова, хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар дод.
Чорабиниро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии хеш иштирокчиёни конференсия ва дар симои онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба “Рӯзи Парчам” табрик намуда, баён доштанд, ки парчам ва парчамдорӣ дар фарҳанги давлатдории тоҷикон таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он ифодагари сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва бақои давлату миллати тоҷик мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баромад намуданд. зикр кард, ки даврони навини давлатдории миллати тоҷик дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллат оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Ҳамзамон, космонавт Солижон Шарипов оид ба Парчам ва аҳамияти он дар давлатдории давлату миллат сухан гуфта, аввалин Парчаме, ки ба космос бурда шудааст, ба муовини Сарвазири кишвар тақдим намуд.