24 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки ҳамватанон, донишҷуён, намояндагони вазорати маориф ва вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
Дар ибтидо ҳозирин Паёми шодбоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд.
Сипас, Сафир Хайрулло Ибодзода бо маърӯза оид ба таърихи Рӯзи Парчам, моҳияти он ва нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳия ва қабули рамзҳои давлатии кишвар, баромад намуд.
Ҳамчунин, муовинони вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулғаффор Раҳмонзода ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода зимни суханронии худ аз аҳаммияти Рӯзи Парчами давлатии мамлакат дар таърихи давлатдории навини миллат, гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти халқи тоҷик дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи давлатдории миллии тоҷикон қайд намуданд.
Чорабинии зикршуда бо шиору овезаҳои ҷашнӣ бахшида ба гиромидошти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода шуда буд.