
Дар Брюссел ба ифтихори 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати фаъоли ҳамватанони муқими кишварҳои Бенилюкс ҳамоиши бошукӯҳи ҷашнӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии Иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олии кишвар ва нақши созандаву барозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъи Тоҷикистони навин бо намунаву мисолҳои сершумор таъкид гардид. Зарурати саҳмгузории ҳамагонӣ дар татбиқу амалӣ гардонидани нақшаҳои эҳёкунандаи ӯ чун вазифаи пурифтихори миллӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар равобити хориҷии он бо ҷомеаи байналмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳозирин қарор гирифт.
Ҳамоишро лаҳзаҳои мусиқии рангину зебои оҳангсози ҷавон, донишҷӯи Консерваторияи Подшоҳии Белгия Ҷаннат Ҳусейнзода зеб доданд.