23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш баргузор шуд. Варзишгари тоҷик Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ варзишгарон аз 60 давлат ширкат намуданд. Аз ҷумла Тоҷикистонро 3 варзишгар — Муҳаммадризо Қувватов (-60кг), Наврӯзи Каримзод (-73кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81кг) намояндагӣ карданд.
Аз миёни онҳо Наврӯзи Каримзод медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба курашро ба даст овард.
Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромаданд, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.