
Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар 10 моҳи соли 2022 14,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои ҳадафҳои рушди Тоҷикистон лоиҳаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд. Ин нуқта зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Роҳбари ҳайти расмии Иттиҳоди Аврупо, мушовири Директори генералии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба савдо хонум Эва Синоветс зикр шуд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зикр шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба пайваста рушд мекунад.
Хонум Эва Синоветс низ дар ҷавоб ба дархости пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо омодагии худро ҷиҳати гузаронидани муҳокимаҳо оид ба яктарафа озод намудани пардохти боҷҳои гумрукӣ нисбат ба молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.