Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер мулоқот намуд, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба масъалаи ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар кишвар мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қайд гардид, ки яке аз натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо бо бонки мазкур ин ба имзо расонидани Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 17,4 млн. евро мебошад. Хотирнишон бояд кард, ки дар маҷмӯъ барои лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» 70 млн. евро аз ҷониби шарикони рушд ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба НБО «Тоҷикистон», ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2018 дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ ёфта буд, мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд барои азнавсозии НБО «Тоҷикистон» 7,4 млн. евро ҷудо гардид.
Инчунин бо мақсади беҳдошт ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар мавзеи НБО «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 октябри соли 2021 Созишномаи дуюми маблағгузории иловагӣ бо маблағи 816 ҳазор евро грант ба имзо расонида шуд.
Илова бар ин ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ наумданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.