
Рӯзи 16 декабри соли 2022 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Конгресси VII байналмилалии “Мероси ҷаҳонии давлатҳои ИДМ” баргузор гардид.
Дар кори конгресс сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, узви Раёсати коршиносони мероси фарҳангии давлатҳои ИДМ, н.и.т. Хоҷаев Шералӣ маҷозӣ ширкат ва дар мавзуи “Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар таркиби шоҳроҳи бузурги абрешим” бо намоиши расмҳои ҷолиб маърӯза намуд.
Мақсади баргузории Конгресси VII байналмилалии “Мероси ҷаҳонии давлатҳои ИДМ” баррасии талаботҳои муосири меъёрии Дастурамали Конвенсияи ҳифзи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ҷиҳати пешниҳоди номинатсияҳои давлатҳои ИДМ ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ шомилшаванда маҳсуб мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати муназзами кормандони соҳавии муассиса дар ҳамоишҳои байналмилалӣ – ин имконияти хуб барои муаррифии таъриху фарњанги халқи тоҷик мебошад.