
Дар доираи ҳамкории шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Узбекистон бо Маркази миллӣ — мадании тоҷикони Узбекистон шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» аз чоп баромад.
Маҷалла бо саҳифаи «Адабиёти тоҷики Узбекистон дар давраи Истиқлол» оғоз мешавад ва дар он бахши «Адабиёти навини Тоҷикистон» ҷойгир гардида, масъулони маҷалла кӯшиш кардаанд, ки беҳтарин шеърҳои шоирони Тоҷикистонро интихоб ва пешкаши хонандагони тоҷиктабори Узбекистон намоянд. Дар он бахшҳои алоҳидаи «Адабиёти навини Эрон» ва «Адабиёти навини Афғонистон», бахшҳои «Робита», «Адабиётшиносӣ», «Забоншиносӣ», «Нақди адабӣ» ҳам ҷойи худро ёфта, дар онҳо як қатор мақола, пажӯҳиш ва нақду баррасии адабиётшиносону забоншиносони шинохта ворид шуда, ҳусни маҷалларо боз ҳам беҳтар кардаанд.
Умед аст, ки маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» дар оянда ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва узбек нақши барҷаста бозида, ба равобити адабии ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.