Бо мақсади кашфи истеъдодҳои ҷавон, рушди минбаъдаи қобилияти бадеии онҳо ва ба роҳ мондани анъанаи мураббию шогирдӣ 18-19 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои мухбири бахши узбекии радиои “Овози тоҷик” Зуҳуриддин Умаров, дар чорабинӣ 30 нафар эъҷодкорони ҷавон аз давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 3 нафар адиби шинохта намояндагӣ мекунанд.
Табиист, ки баргузории ин Анҷуман истеъдодҳои ҷавони миллатҳои бародару ҳамсояро бо риштаҳои дӯстии адабӣ мепайвандад.
Имрӯз, 19 октябр иштирокчиёни Форум дар хиёбони “Адибон” ба пояи муҷассамаи Алишер Навоӣ гул гузоштанд. Дар он раиси Иттифоқи нависандагон, шоири мардумӣ Сироҷиддини Сайид дар бораи ислоҳоти имрӯзаи адабӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳунармандони ҷавон суханронӣ кард.
«Ман бо мутолиаи ашъори шоири халқии Узбекистон Муҳаммад Юсуф ба воя расидам. Ба адабиёт дилбастагии зиёд доштам, — мегӯяд Равшанбек Убаев, иштирокчии озмун аз Қазоқистон. Номбурда иброз дошт, ки ҳоло алоқаҳои адабии ду мамлакат мустаҳкам шуда истодаанд. Аз рӯзи аввали баргузории Форуми мазкур таассуроти зиёд ва як ҷаҳон маънӣ ба худ гирифтам.
Сипас, иштирокчиён аз хиёбони адибон ва Осорхонаи таърихи Иттифоқи нависандагони Узбекистон дидан намуданд. Баъдан ба хонаи эҷодии Паркент рафтанд.
Тафсилотро дар паёмҳои навбатии мо хоҳед ёфт