
Озмуни “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун дар Кохи Суруш ҷараён дорад. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Одиназода Дилшод, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, тамоми намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар шахсони касбу кори гуногун иштирок карда истодаанд.
Интизор меравад, ки ғолибони озмун барои ҷойи якум 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 5 ҳазор сомонӣ сазовор мегарданд.
Инчунин, иштирокчиён бо диплому ҷоизаҳо, сипосномаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Дар озмуни мазкур ширкатҳои сайёҳие иштирок доштанд, ки танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Ташаббускори он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.