
Имруз ҳайати сайёҳии Ҷумхурии Исломии Эрон, ки бо сафари кори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд. Дар ин бора Малвина Хушқадамова ва Мирсаид Сатториён, мухбирони радиои «Овози тоҷик», ки онҳоро дар ин сафар ҳамроҳӣ доранд, иттилоъ доданд.
Ба зикри кормандони мо ҳайати сайёҳиро дар назди муҷассамаи «Дуои модар» роҳбарояти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҳайати фарҳангӣ ва гулдухтарони шаҳр бо нону асал пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар ин сафар ҳайати сайёҳи аз мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадони, қалъаи «Ҳулбук» ва НБО «Норак» дидан мекунанд.
Аз идора: Аз ҷараёни сафар боз иттилоъ медиҳем.