Тоҷикистон дар 27-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд зкри унвони “Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим” иштирок дорад. Чорабинии мазкур 30 ноябр ба кори худ оғоз бахшида, то 3 декабр идома мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он намояндагон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода, намояндагони 50 ширкати сайёҳӣ ва ҳунармандони кишвар намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулфия Сафарова хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи Намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ иштирок дошт.
Дар баробари дигар кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор ва ғайраро ба иштирокчиён муаррифӣ мекунад.
Дар он намунаҳои гуногуни маҳсулоти ватанӣ, аз қабили меваи хушк, нигораҳои ҳунарҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, инчунин аксҳои инъикоскунандаи табиати зебои Тоҷикистон манзури тамошобинон гардиданд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд «Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим» беш аз 300 намояндаи ширкатҳои сайёҳӣ аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.