
Рӯзи 13 январи соли 2023 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо ҳамватанони муқими Украина баргузор гардид.
Зимни суҳбат Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар маълумот дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҷалб намуд.
Дар идомаи суҳбат Д. Назризода роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина ибрози назар карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро барои амалисозии нақшаҳои кории Сафорат, бахусус вобаста ба ҳамкорӣ бо ҳамватанон ҷалб намуд.
Сафир саҳми ҳамватанони бурунмарзиро ҳамчун шарикони рушд дар ободонии ватан, инчунин муаррифии мусбии симои Тоҷикистон дар кишвари иқомат муҳим арзёбӣ намуда, дар ин раванд муттаҳидии беш аз пеши онҳоро омили муҳим номид. Ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ байни ҳамватанон, андешидани тадбирҳо барои ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикиӣ барои фарзандон, баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомадҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ, аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки роҷеъ ба онҳо Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ибрози андеша намуд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ба мақсади роҳандозии тамосу ҳамкории наздик бо ҳамватанон дар назди Сафорат бо иштироки шахсони мӯътабару бообрӯи байни диаспора Шӯрои машваратӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Сафир ба саволҳои ҳозирин посух дод.