Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати порлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбоев мулоқот наму. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Қазоқистон имконоти хеле зиёд ва фаровон барои тақвияти равобити байнипарлумонӣ вуҷуд доранд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дӯстони хуб ва шарикони стратегӣ мебошанд.
Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонӣ гуфт, ки миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар қолаби бисёрҷониба муносибатҳои самимии дӯстона инкишоф меёбанд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода ва Рустам Латифзода иштирок намуданд.