
Имрӯз, 12 октябри соли равон вохӯрии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.А. бо коршиносони байналмилалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) доир ба ҳамоҳангсозии афзалиятҳо ва банақшагирии чорабиниҳо оид ба таҳкими захираҳои кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷиҳати гузаронидани арзёбӣ ва таҳлили бозори меҳнат баргузор гардид.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилаи соҳавии ва рушди муносибатҳоро дар самти бозори меҳнат муҳим арзёбӣ намуданд.