
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ноиби президенти ширкати “Омнипол” – и Чехия ҷаноби Джозеф Пига вохӯрии корӣ анҷом дод. Дар мулоқот инчунин Набизода Азиз — муовини директори Агенти авиатсияи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок дошт. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.
Намояндагони ширкат рунамои ҳолатҳои техникии ҳавопаймои L410 UPV ва L410NG, ки дар Чехия истеҳсол мешавад, ба иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки ҳавопаймоҳои мазкур, аз ҷиҳати бехатарӣ дар сатҳи баланд қарор дошта ва барои интиқоли бору мусофирон дар қаламрави Тоҷикистон бисёр мусоид мебошанд.
Набизода Азиз низ баъди рунамои ва гирифтани посух ба саволҳои худ, ин навъ ҳавопаймоҳоии худро хуб арзёбӣ карда омодагии Агентии авиатсияи гражданиро барои идомаи гуфтушунид ва ҳамкориҳо иброз намуд.