17 октябри соли 2022 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакаларо ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ гардиданд.