
Аз 16 то 21 октябри соли 2022 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳо оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт. Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.