Дар шаҳри Остона Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло ва Сардори Раёсати ташкил ва идоракунии захираҳои давлатии Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҷамолзода бо муовини якуми раиси ҶСК «Ширкати миллии Қазоқистон Темир Жоли» Алмаганбетов Канат Есмуханович вохӯрии корӣ анҷом доданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи пешбурд ва тезонидани интиқоли қатораҳо бо маҳсулоти сузишвории мазут ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ намуданд.
Инчунин, 26 январи соли 2023 Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Ҳокими шаҳри Астана Касымбек Женис мулоқот намуд, ки дар он рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар рафти сӯҳбат густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин гузаронидани бизнес-форумҳо дар шаҳри Остона ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ карда шуданд.



