Дар Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ таҳти раёсати муовини нахуствазир – вазири корҳои хориҷӣ Мухтор Тлеубердӣ баргузор шуд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” ба нақл аз расонаҳои қазоқистонӣ хабар медиҳад.
Дар ин шӯро вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доштанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ, инчунин ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ як қатор қарорҳо қабул карда шуданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳо дар минтақаи Иттиҳод нигаронида шудаанд.
Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи санадҳоеро, ки барои баррасӣ ба сарони давлатҳо дар нишасти ИДМ пешниҳод мешаванд, ба мувофиқа расониданд.
Рӯзи 14 октябр дар Остона нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад. Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ мақоми олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, дар он масъалаҳои асосии фаъолияти созмон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Ҷаласаи сарони ИДМ яке аз рӯйдодҳои калидӣ дар чаорчӯби раёсати Қазоқистон дар ин созмон хоҳад шуд.