Бо ибтикори муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва Иттиҳоди федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) ҳамоиши муаррифӣ барои доираи сармоягузорони эҳтимолӣ, ширкатҳои мухталифи олмонӣ, коршиносони минтақа ва рӯзноманигорон баргузор гардид. Ҳадафи он тақвияти ҳарчи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин нишаст иштирокчиён бо иқтидору имконияти иқтисоди Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, логистикӣ ва дигар самтҳо шинос шуда, таваҷҷуҳи онҳо ба лоиҳаҳои дар бахшҳои мухталиф татбиқшаванда ва низоми кафолати сармоягузорӣ дар кишвари мо ҷалб гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ҳанӯз пурра истифода нашуда, имконоти фароху фаровони вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, фанновариҳои муосир аз Олмон ҷиҳати истифодаи зарфияти мавҷуда, коркарди маҳсулоти мухталифи саноатӣ ва бад-ин васила рушди иқтисоди миллӣ манфиатдор аст.
Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон саҳмгузор бошанд.
Мудири федеролии BWA Урс Ункауф таъкид намуд, ки рағбати доираҳои мухталифи олмонӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон зиёд буда, ниҳоди ӯ барои пешбурди ин иқдом мусоидат хоҳад намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштироккунандагон ба саволҳои сершумори худ дар хусуси имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ, шарту шароит ва заминаҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ, ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ва дигар мавзӯъҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.