
Аз 23 то 30 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин, раванди технологии омода намудани харитаҳои демаркатсионӣ муҳокима гардиданд.
Илова ба ин, дар доираи вохӯрӣ омӯзиши саҳроии мавзеъҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ гузаронида шуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо мегардад.