
29 январи соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт-сарпарасти самти Осиё Самеҳ Ҷавҳар Ҳаёт мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.