Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо ректори Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Ҷумамурад Гурбангелдиев мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, дар мулоқот доираи васеи ҳамкориҳо баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ҳавамандии худро барои роҳандозӣ ва густариши минбаъдаи робитаҳои байни донишгоҳҳо ва табодули таҷриба дар тайёр кардани мутахассисон баён доштанд.