Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии Малайзия вориди шаҳри Куала Лумпур гардиданд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазку иттилоъ доданд.
Нахуст ҳайати гуруҳи корӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо МТОК-и хориҷи кишвар бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия ва Таиланд муҳтарам А. Қодирӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар раванди мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои ДБССТ бо донишгоҳҳои Малайзия дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030 вобаста ба омодасозии кадрҳои соҳаҳои зикршуда мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Ҷаноби А. Қодирӣ аз ташрифи нахустин донишгоҳ аз Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Малайзия изҳори хушнудӣ намуда, иқдомоти раëсати донишгоҳро дар ин самт хуш пазируфтанд.
Дар натиҷа барномаи вохӯриҳо бо донишгоҳҳои Малайзия таҳия гардида, мулоқотҳо оғоз гардиданд.