Аз рӯзи 13 то 16 ноябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд Конфронси ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба таълим ва тарбияи кӯдакони сину соли барвақтӣ баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш. Мирзиёев ва Котиби генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле иштирок ва суханронӣ намуданд, хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс инчунин Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия инчунин маориф ва илм иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён оид ба дастовардҳои кишвар, аз ҷумла ислоҳотҳо дар самти илму маориф ва фарогирии кӯдакони сину соли томактабӣ изҳори назар намуданд.