Дар Душанбе “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026” амалӣ мегардад. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ шуд, хабар дод дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи нақша дар давоми солҳои 2023-2026 дар шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои гуногун, мизҳои мудаввар, конфронсҳои илмию адабӣ, ҷашнвораҳо ва озмунҳо, инчунин, навсозии иншооти соҳа дар назар аст.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ошноӣ бо таъриху фарҳанг ва имкониятҳои ғании пойтахти кишвар маҳсуб меёбад.