Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайат реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми минтақавии “Имкониятҳои рушди сайёҳӣ” намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар ин бора Мирсаид Сатториён ва Мадина Мениқулова, мухбирони радиои “Овози тоҷик” иттилоъ медиҳанд.
Ба зикри мухбирон, намоишгоҳро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, Сафири Фавқулодда ва Мухтоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтоии Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва ҳайатҳои кишварҳо тамошо карданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ва имкониятҳои сайёҳию вазъи хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамошо гузошта шуданд.
Баъди чанд лаҳза Форуми минтақавӣ миёни кишварҳо оғоз мешавад, ки дар бораи он иттилоъ хоҳем дод.