
Дар натиҷаи вуруди як ҷараёни ҳавои сард аз Сибири Ғарбӣ рӯзи 25-уми феврал дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаву ноустувор дар назар дошта шудааст. Дар ин бора Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, 25 феврал дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ барфу борони пуршиддат меборанд ва дамои ҳаво 10-12 дараҷаи коҳиш меёбад.
Рӯзҳои 24-26 феврали соли 2023 хатари лағзиши тарма, резиши санг дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи бориши пуршиддати борон эҳтимоли дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби ВМКБ ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани сел ва 25-26 феврал дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгиранд, эҳтимоли болоравии сатҳи об вуҷуд дорад.