
Ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба маблағи 497 ҳазор доллари ИМА дастрас гардид. Дар бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар дод.
Роҳбарияти вилоят зимни қабули дастгоҳи мазкур таъкид доштанд, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, зери таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки минбаъд бо ин таҷҳизоти муосири тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро дар минтақаҳои дурдасти вилоят боз ҳам баланд бардошта, дар ҳифзи сиҳатии ҷомеа саҳм гузоранд.